Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт(а) - Абна - сайти ибрӣзабони Walla эътироф кард, ки Ансоруллоҳи Яман муваффақ шудааст режими саҳюнистиро вориди як ҷанги фарсоишӣ кунад. Яманиҳо шартҳоеро барои таваққуфи ин ҷанг вазъ кардаанд; то замоне ки ҳамлаҳо алайҳи Ғазза идома дорад, партоби мушакҳо ва ҳамлаҳои паҳподии аз самти Яман низ идома хоҳад дошт.
Дар идомаи ин гузориш омадааст, илова бар ин, яманиҳо шиддати ҳамлаҳо ва доманаи онро низ таъйин мекунанд. Тел-Авив баъд аз ҳар ҳамла алайҳи Яман умед дорад, ки ин бор тавозуни қуво дар баробари нерӯҳои мусаллаҳи Яман тағйир кунад, аммо мушаххас мешавад, ки чизе тағйир накардааст.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, баъд аз афзоиши ҳамлаҳои яманиҳо, артиши режими саҳюнистӣ аз Амрико хост вориди амал шавад, аммо Вошингтон мутаваҷҷеҳ шуд, ки хисоротҳои ин ҳамлаҳо алайҳи Яман беш аз он чизе аст, ки тасаввурашро мекард.
Дар идомаи ин гузориш омадааст, ки ба истилоҳ «қудрати бартари ҷаҳон» маҷбур ба музокира бо Яман шуд ва дар ниҳоят ба оташбас даст пайдо кард. Амрико Тел-Авивро дар баробари Яман танҳо гузошт. Ҳеҷ кадом аз ҳамлаҳои Тел-Авив алайҳи Яман боис нашуда қудрати низомии ин кишвар ва шиддати ҳамлаҳо алайҳи арозӣ ишғолӣ коҳиш пайдо кунад.
Your Comment